Раҷабзода Музафар Эмом

Раҷабзода Музафар Эмом, 19 августи соли 1962 дар ноҳияи Муъминобод, вилояти Хатлон  дар оилаи коргар ба дунё омадааст.Соли 1986 Донишгоњи  давлатии тиббии Тољикистон ба номи  Абўалї ибни Сино бо ихтисоси  кори табобатї хатм намудааст.Аз нахустин қадамҳои ба ин роҳ гузоштааш маълум буд, ки ӯ ба касби худ, ба роҳи интихобнамудааш содиқ аст. Интихоби ӯ дуруст буд, зеро дар ниҳоди ӯ алангаю оташи ишқи ниҳонӣ нисбати пеша афрӯхта шуда буд. Аз нахустин қадамҳои ба ин роҳ гузоштааш маълум буд, ки ӯ ба касби худ, ба роҳи интихобнамудааш содиқ аст.

Фаъолияти мењнатии худро  аз моҳи  августи  соли 1986 ба ҳайси табиб-интернаи Беморхонаи  марказии  вилояти Хатлон оғоз кардааст. Аз  моњи  августи соли 1987 то моњи сентябри соли 1990  табиби беморињои дарунии бахши беморињои дарунии Беморхонаи марказии ноњияи  Муъминобод кор  кардааст.

Аз моњи сентябри соли 1990 то моњи июни соли 1992 табиб–ординатори клиникӣ дар кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино фаъолият кардааст. Аз моҳи июни соли 1992 то моҳи апрели соли 1997, дар вазифаи  мудири бахши бемориҳои дарунии Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод фаъолият намуд.

         Аз моҳи майи  соли 1997 то моҳи сентябри соли 1997 дар вазифаи табиби беморињои дили Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  клиникии бемориҳои дил» фаъолият намуд. Аз моҳи  сентябри соли 1997 дар вазифаи муовини сартабиб оиди бахши бистаринамоии Муассисаи давлатии «Маркази љумњуриявии  клиникии бемориҳои дил» кор намудааст. Аз моҳи сентябри соли 1998 то моҳи майи соли 2013 дар вазифаи  мудири бахши бемориҳои музмини ишемиявии дили Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  клиникии бемориҳои дил» фаъолият кардааст.

         Аз моҳи майи соли 2013 то инҷониб дар вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  клиникии бемориҳои дил»  фаъолият менамояд.

          Соли 2008  бо нишони  «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз  гардидааст.

Соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо медали Хизмати шоиста мукофотонида шудааст.

Соли 2023 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз шудааст.

 Соли 2009  номзади  илми тиб ва  соли  2020  дараҷаи илмии доктори илмҳои тибро  ҳимоя  намуда, бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2020 таҳти №3, ба Раҷабзода М.Э. дарҷаи илмии доктори илмҳои тиб дода шудааст.

Муаллифи зиёда аз 56 мақолаҳои илмӣ, 2 монография, дастурамали методӣ, пешниҳодҳои ратсионализаторӣ мебошад.

         Раҷабзода Музафар Эмом, корҳои ҷамъиятию сиёсии Марказро дуруст ба роҳ монда худ низ фаъолона ширкат варзида, дар байни коллектив обрўю эътибори калон дорад. Ташкилотчии хуб ва мутахассиси варзида дар соҳаи бемориҳои дилшиносӣ ба шумор меравад. Дар давоми фаъолияти корӣ худро ҳамчун ташкилотчӣ ва мутахассиси варзидаю кордон нишон дода, дар ташхис ва табобати беморон, фаъолона иштирок мекунад. Дониши худро доимо барои пешрафти муассиса сайқал дода, барои васеъ намудани ҷаҳонбинии сиёсию маъданиаш кор мебарад. Нисбати зердастон мушфиқу меҳрубон мебошад. Қобилияти хуби муошират ба ў имкон медиҳад, ки бо ҳар гуна шароити иҷтимоӣ мутобиқ шавад.

Қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун дастури кории худ медонад. Дар давоми роҳбариаш худро ҳамчун роҳбари кордону оқил, меҳнатдӯст ва ғамхор нишон дода, бо шарофати ӯ дигаргуниҳои куллӣ ва пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасад. Мушкилиҳои ҷойдоштаи солҳои тӯлонӣ дар Марказ маҳз бо роҳбарии ӯ, дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт бартараф шудаанд. Фармоишу супоришҳои роҳбарони болоиро ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сари вақт бечуну чаро иҷро менамояд.

Раҷабзода Музафар Эмом мураббии табибони ҷавон буда, доимо онҳоро бо донишу таҷрибаи худ ошно мекунад. Ғамхорӣ  нисбати  кормандони  ҷавон ва  ташаббуси ў  буд, ки табибони Марказ низ ҳамасола ба хотири тақвияти таҷрибаи кории худ ба давлатҳои пешрафтаи дунё барои бозомӯзӣ сафар мекунанд ва дар ҳамкорӣ бо онҳо амалиётҳои нодирро дар худи Марказ амалӣ менамоянд.   

Раҷабзода М.Э. сиёсати  пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки Раҷабзода М.Э.  ба Ватан ва халки точик  содикона хизмат менамояд.