Табаров Аъзам Исуфович
Табаров Аъзам Исуфович, 30.03.1986 сол дар ноҳияи Муминободи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омада аст. Соли 2002 литсей гимназияи “Ҳаммат”-и ноҳияи Муминободро хатм намуда ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино дохил мешавад. Аз соли соли 2008 то 2009 пас аз хатми донишгоҳи номбурда интернатура гузаштааст. Дар солҳои 2011 то 2013 ординатураи клиникӣ дар кафедраи кардиологияи МД ДБКТТ гузаштааст. Ҳангоми фаъолияти меҳнатии табиби кардиолог худро ҳамчун табиби ҳозиқ ва меҳрубон бо беморон нишон дод. Кушиш мекард дармони беморнро бо сифат ва сари вақти гузаронад. Доимо сатҳи дониши худро такмил медиҳад. Аз 2009 то 2013 солҳо ҳамзамон бо ординатураи клиники дар бемористони байналмилалии «Ибни Сино» кор кардааст. Аз 2013 то 2015 сол мудири шуъбаи «Аритмия ва нуқсонҳои дил»-и МД МҶКБД кор кардааст. Аз 2015 то 2017 сол мудири шуъбаи «Сактаи дил»- и МД МҶКБД кор кардааст. Аз 2017 то 2022 сол мудири шуъбаи «Наҷот»-и МД МҶКБД кор кардааст. Аз соли 2022 то 2023 дубора мудири шуъбаи «Аритмия ва нуқсонҳои дил»-и МД МҶКБД кор кардааст. Аз 2023 сол то инҷониб вазифаи муовини директор оиди фаъолияти шифоӣ дар Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил кор мекунад. Давраҳои такмили ихтисос дар давлатҳои хориҷи аз қабили Ҷуумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон ва Қазоқистон гузаштааст. Соли 2022 рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст.
Соли 2022 рисолаи номзадиашро дар мавзуъи: “Хусусиятҳои сохтори ориза ва ҳолатҳои фавт дар беморони гирифтори бемории ишемиявии дил, сактаи шадиди миокард дар аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мувафақият ҳифз намуд.
Ҷумаева Мастона Ҷамоатовна
Ҷумаева Мастона Ҷамоатовна соли 21- уми декабри соли 1973 дар шаҳри Душанбе нозанин пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ таввалуд шудааст, маълумоташ олӣ буда, соҳиби се фарзанд.
Ҷумаева Мастона Ҷамоатовна, соли 1997 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Синоро ба итмом расонидааст. Аз соли 1998 фаъолияти хешро њамчун табиби дилшинос оғоз намудааст.
Духтури ҷавон дар табобат ва муомила бо беморон беаҳамиятӣ намекард. Ба қасами табибии худ содиқ буду вазифаи хешро софдилона иҷро мекард. Аҳли кормандон барои донишу маҳорати беназираш ҳурматашро ба ҷой меоварданд ва дӯсташ медоштанд. Ӯ дар шуъбаҳои Маркази љумњуриявии беморињои дил то соли 2019 фаъолият намудааст.
Моҳи майи соли 2019 ба ҳайси муовини директор оиди корҳои дастури ташкилӣ таъин карда шудааст.
Ҷумаева Мастона Ҷамоатовна курси такмили ихтисосро мувофиқи нақша сайқал медиҳад, ва инчунин ихтисосгирии ташкилотчии тандурустиро дар заминаи Донишкадаи тањсилоти баъдидипломии кормандони соњаи тандурустии Љумњурии Тољикистон соли 2022 гузаштааст.
Аъзои фаъоли ЊХДТ мебошад.
Заҳматҳои пайвастаи Мастона дар соҳаи тандурустӣ аз мадди назар дур намонданд. Бо як қатор мукофоту ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст. Аммо назари ӯ бар он аст, ки беҳтарин дастоварди табиб саломатии бемораш ва эҳтироми халқ аст.
Мастона Ҷумаева аз тарафи Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон бо «Нишони аълочии тандурустї» ва « Ифтихорномањо» — и якљояи Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ва Кумитаи Иттифоќи касабаи кормандони соњаи тандурустї мукофотонида шудааст.
Ӯ муаллифи зиёда аз 20 мақолахои илми аст, дар конфоронсҳои илмию-амалӣ ва ҷумхурияви иштирок намуда, сертификатҳои ин ҷамомадҳои илмию амалӣ саҳми худро дорад.
Пайваста занро чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахш ном мебаранд. Фазилати олӣ ва рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи занон сарчашма мегирад. Танҳо бонуи хушахлоқ, бомаърифат, нексиришт ва ватанпарвар, қодир аст, бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.
