шуъбаи дармонгоҳ

Навҷувонов Навҷувон Меҳрубонович

Навҷувонов Навҷувон Меҳрубонович, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, 30 ноябри соли 1958 дар оилаи хизматчӣ ва коргар таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро  соли 1975 дар шаҳри Ҳисор хатм намудааст. Овони кудакӣ ва ҷавониаш дар ҳамин минтақа гузаштааст. Солҳои 19751981 таҳсилро дар донишгоҳи давлатии  тиббӣ Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино давом дода хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ бо дипломи аъло барои давоми хониш ба ординатураи клиникӣ ба маркази Кардиологии Умумииттифоқӣ дохил шуда соли 1983 онро хатм намудааст.

 Аз соли 1983 то инҷониб дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил адои вазифа дорад.

Солҳои 1983-1985 табиб кардиолог шуъбаи наҷот. Солҳои 19851990 мудири бахши наҷот.

Солҳои 1990-2013 муовини директор оид ба корҳои шифоӣ.

Аз соли 2013 то инҷониб мудири бахши Дармонгоҳи машварати бистарнамоӣ.

Навҷувонов Навҷувон Меҳрубонович табиби дараҷаи олӣ, номзади илми тиб. Аълочии тиб. Якчанд маротиба бо грамотаҳои Вазорати тандурустӣ сарфароз гардонида шудааст, 28 июли соли 2017 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Шараф дараҷаи 2 мукофотонида шудааст.

 

Оиладор соҳиби 7 фарзанд ҳаст

Гуева Зарина Афакоевна

Шуъбаи фишорбаландӣ

Гуева Зарина Афакоевна  соли 1953  шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Баъди хатми Институти давлатии тиббии  Тољикистон, фаъолияти мењнатии худро соли  1981 ба сифати  табиби беморињои дили Маркази љумњуриявии беморињои дил, оғоз намудааст.  Солњои 1982 – то ҳол  дар вазифаи  мудири шуъбаи фишорбаландии шараёнии Муассисаи давлатии  «Маркази љумњуриявии клиникии беморињои дил» фаъолияти худро давом дода истодааст.

Зарина Гуева дар давоми 43 соли фаъолияти меҳнатиаш дар ҳамаи  вазифаҳои ба ў вобастакардашуда худро  ҳамчун мутахассиси босавод, кордон ва ташкилотчии хуб ва мутахассиси варзида дар соњаи тандурустї ва њифзи иљтимоии аҳолӣ ба шумор меравад.   Аз рўзњои аввали фаъолияти кориаш дар вазифаи роҳбарӣ дар Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, корро танҳо аз ободонию  кабудизоркунӣ ва созандагиву бунёдкорӣ шурўъ намудааст. Дар корҳои ҷамъитӣ, махсусан дар чорабинињои фарњангию сиёсии соња њамеша иштироки фаъолона менамояд. Ќобилияти хуби муошират ба ў имкон медињад, ки бо њар гуна шароити иљтимои мутобиќ шавад. Дониши худро доимо барои пешрафти соња сайќал дода, барои васеъ намудани љањонбинии сиёсию маданияш кор мебарад. Дар байни њамкорон обрўю эњтироми хос дошта, нисбати њамкорон мушфиќу мењрубон аст.

        Ќонуну санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистонро њамчун дастури кории худ медонад.

Барои корњои шоиста соли 2011 аз љониби Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон бо унвони «Аълочии тандурустии Љумњурии Тољикистон» сарфароз гардонида шудааст.

 

Ба ҳамагон бо як чашм нигариста ба онҳо як хел муносибати инсонпарварона дорад, Заррина Гуева тамоми хислатҳояш неку одамдӯстона, буда, барои рушду густариши тибби тоҷик ҷахду талошҳои пайваста менамояд.

Бухоризода Бахтовар

шуъбаи ташхис

Зокиров Баҳодур Назаралиевич

Шуъбаи наҷот

Зокиров Баҳодур Назаралиевич, соли таввалуд 12.12.1989с. дар  ҷамоат     Даҳана,  ш. Кӯлоб,  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли  2008  мактаби миёнаи № 32 ш.Кӯлоб-ро хатм кардааст.

Соли 2008 ба ДДТТ ба номи  Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда соли 2014 онро ба итмом расонидааст.

Соли 2014-2015 интернатураи клиникиро дар Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурусти дар базаи  Маркази тиббии шаҳри ба номи Ахмедов Карим гузаштааст.

Соли 2015-2017 ординатураи клиникиро дар Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурусти дар базаи   МД МҶКБД гузаштааст.

Аз соли 2017 фаъолияти табибиашро дар МД МҶКБД оғоз кардааст.

Аз соли 2018  то 2019 сол,  такроран аз 2020 то соли 2022 мудири шуъбаи “Бемориҳои музмини ишемиявии дил” ДМ МҶКБД кор кардааст.

Аз соли 2022 то ҳол ҳамчун мудири шуъбаи “Наҷот”-и МД МҶКБД кор ва фаъолият мекунад.

Фаъолити корҳои илмиро дар мавзуи «Хусусиятҳои якҷояи сактаи миокард ва пневмонияи амбулаторӣ» бурда истодааст.

Айниҳол зиндаги мекунад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кучаи Ҳувайдуллоев  Н -1, ҳ-15.

Оиладор соҳиби 3 фарзанд.

Райҳонов Шодиҷон Назирҷонович

шуъбаи офият

Ман Райҳонов Шодиҷон Назирҷонович 9- уми январи соли 1962 дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ дар оилаи хизматчӣ таввалуд шудаам. Соли 1969 ба синфи 1-ум  мактаби миёнаи рақами №6 ба номи Ф.Энгельс рафта онро соли 1979 бо баҳои аъло хатм намудам.Соли 1979 ба институти тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дохил шудам. Соли 1985 институти тиббиро хатм намуда ба ноҳияи Восеъ ба беморхонаи марказӣ ба ҳайси терапевти шуъбаи касалиҳои дарунӣ ба кор фиристоданд.

Соли 1987 ба шаҳри Тошканд барои бозомузии аввалия патанатом фиристода шудам.Баъди анҷоми таҳсил дар ноҳияи Восеъ баъдтар дар шаҳри Кӯлоб шуъбаи патоморфология кушода корро ба роҳ мондам. Ҳамзамон дар шуъбаи касалиҳои дарунӣ ба ҳайси терапевт то соли 1995 кор кардам. Соли 1995 ба ординатураи клиникӣ дар МҶКД дохил шудам ва онро соли 1997 хатм намудам. Аз соли 1997 дар МД МҶКБД ба ҳайси ординатор ва 10 соли охир мудири шуъбаи офиятро ба зимма дорам.

Файзалиева Гулнора Сатторовна

шуъбаи сакта

Файзалиева Гулнора Сатторовна 15-уми сентябри соли 1967 дар  ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Саршори хаёлоти сабзу орзуҳои беканор дар дил, меҳру муҳаббат ва пешаи пизишкиро мепарварид, соли 1987 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1994 онро бо муваффақият хатм намудааст.

Аз соли 1997 то 1999 марҳилаи ординатураи клиникӣ дар кафедраи кардиология бо курси фармакологияи клиникӣ гузаштааст.

Аз соли 1999 то инҷониб дар Муассисаи давлатӣ Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” кор карда истодааст.

Файзалиева Гулнора Сатторовна, дар корҳои ҷамъиятию сиёсии Марказ фаъолона ширкат варзида, инчунин дар равандӣ табобати беморони дил саҳми худро дареғ намедорад.

Дар байни коллектив обрӯю эътибори калон дошта, нисбати ҳамкорон мушфиқу меҳрубон аст. Ташкилотчии хуб ва мутахассиси варзида дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор меравад. Қобилияти хуби муошират ба ӯ имкон медиҳад, ки бо ҳар гуна шароити иҷтимоӣ мутобиқ шавад. Дониши худро барои пешрафти Марказ сайқал дода, барои васеъ намудани ҷаҳонбинии сиёсию маъданияш кор мебарад. Қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун дастури кории худ медонад. Дар давоми фаъолияташ худро кордону оқил, меҳнатдӯст ва ғамхор нишон дода, бо шарофати ӯ дигаргуниҳои куллӣ ва пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасад